Home Apps Books & Reference
101 кисса аз хаёти Умар ибни Хаттоб (р) APK icon

101 кисса аз хаёти Умар ибни Хаттоб (р) APK

1.0 for Android 4.1 and up and up

Китобхои Исломи

Garden yak қissa al ҳaoti Umar ibn Hattob (p)

Package name: tj.kissa.umar.ibn.hattob

Умар ибни Хаттоб (р) дар сатрҳо

Номи пурраи ӯ Абӯҳафс Умар ибни Хаттоб ибни Нуфайл ибни Абдулуззо ибни Риёҳ ибни Абдуллоҳ ибни Қурт ибни Разоҳ ибни Удай ибни Каъб ибни Луай ибни Ғолиб Қурайшӣ ал-Адавӣ буда. Ӯ амирулмӯъминин ва дуввумин халифаи рошидин, соҳиби каромот ва сарлашкари футуҳот ҳисоб меёбад. Худованд тавассути ӯ исломро иззат дод ва озорҳоро аз мӯъминон бардошт. Ӯ тозиёна ва шамшерро дар роҳи ҳақ мезад. Худованд тавассути ӯ ҳақро аз ботил ҷудо намуд ва ӯ низ яке аз пешоҳангони дини ислом аст, ки раъяш бо Қуръон мувофиқат кардааст ва Худованд ба дасти ӯ дин ва имонро мунташир намудааст ва шайтон аз ӯ дар ҳарос буд. Марде буд дорои виқору ҳайбат ва бешак ӯ чароғи аҳли ҷаннат ҳаст. Дар ҳалимӣ аз ӯ ҳалимтар дида намешуд ва дар бахшиш, ҳеҷ кӯтоҳӣ наменамуд. Зуд ба риққат меомад ва гирён мешуд. Хидматгори нотавонон ва кӯмаккунандаи онон буд. Пешвои одилу халифаи фозил ва шоҳиди бузургтарин воқеаҳо буд. Дар дифоъ аз дин қалъаеро мемонд. Аввалин шахсе буд, ки дар назди Ҳарам (Каъба) ошкоро намоз гузошт ва ошкоро ҳиҷрат намуд. Ӯ забони ростгӯ дошт. Ба ҳақпарастӣ дар роҳи Худо шинохта шуда буд. Аз суханҳои суханчинон ва бадгӯён наметарсид ва дар андозаҳои муайяннамудаи Худованд устувор буд. Насабаш ба насаби Паёмбар (с) дар Каъб ибни Луай ибни Ғолиб рост меомад[1]. Сездаҳ сол пас аз соли фил* таваллуд шуда[2] панҷ сол қабл аз ҳиҷрат* ислом овардааст[3].



Дуои Паёмбар дар ҳаққи Умар (р)

Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар ҳаққи ӯ ба ин мазмун дуо намуда гуфтанд:

-Эй бор Худоё, Исломро нерӯву иқтидор бахшо, ба яке аз ин ду марде, ки назди Ту маҳбубтар бошад. Бо Умар ибни Хаттоб ё бо Амр ибни Ҳишом – яъне, Абӯҷаҳл.[4]

Яке аз он ду мард, Амр ибни Ҳишом (Абӯҷаҳл) буд ва дигарӣ, Умар ибни Хаттоб (р) мебошад, ки дар алифбои арабӣ Умар ва Амр як хел навишта мешаванд. Худованди меҳрубон дуои Паёмбарро қабул намуда, аз миёни ин ду Умар - Умар ибни Хаттоб (р) – ро маҳбуби Худ қарор дод, ки Исломи азизро ба воситаи ӯ иззат бахшид ва хавфу тарсро аз дили мусулмонон дур кард ва чунон дар ҳақҷӯӣ устувораш гардонид, ки лақаби Умари Форуқ – яъне, ҷудокунандаи байни ҳақ ва ботилро соҳиб гашт ва дар муомила ва коргузориаш чунон адолат нишон дод, ки унвони Умари Одил ба худ гирифт ва дар тақво ва садоқаташ нисбат ба дин ва Паёмбари Худо ба дараҷае расид, ки шарафёби унвони Амирулмӯъминин ва ёри дуввуми Паёмбар (с) гашт.





Фазилати Умар (р)

Ӯ дорои фазли бузург аст. Паёмбари Худо (с) дар шаъни ӯ гуфтааст: «Худованд бар забон ва қалби Умар ҳақро додааст.»[5]

Паёмбари Худо (с) дар ҳадиси дигаре фармудаанд: «Агар пас аз ман паёмбаре мебуд, ҳароина, ӯ Умар буд».[6]

Боз Паёмбари Худо (с) фармудааст: «Дар қавмҳои пеш аз шумо муҳаддисон буданд ва агар дар уммати ман як нафар бошад, пас ӯ Умар аст».[7]

Дар ҷои дигар Паёмбари Худо (с) фармудааст: «Ҳароина ман шайтонҳои инсу ҷинро мебинам, ки дар ҳақиқат, аз Умар гурехтаанд». [8]

Ҳазрати Алӣ ибни Абутолиб гуфтаанд: «Беҳтарини ин уммат пас аз паёмбарамон Абӯбакр (р) ва баъд аз он Умар (р) аст».[9]

Дар корҳои зерин аз дигарон пешдастӣ намуд

Аз ҷумлаи пешоҳангиҳои Умар (р), нахустин бор, ошкоро аз Макка ба Мадина ҳиҷрат карданаш буд.

Ӯ аввалин шахсе буд, ки амирулмӯъминин номида шуд ва аввалин бор солшумории ҳиҷрии қамариро ҷорӣ намуд. Ӯ мардумро барои адо намудани намози таровеҳ дар шабҳои рамазон ҷамъ намуд ва ба ҷамъоварии Қуръон ишора кард. Аввалин касе буд, ки додани ҷоизаро барои ҳофизони (қориёни) Қуръон муайян намуд ва нахустин халифае буд, ки ҷизяро аз фақирони аҳли зимма бардошт ва оҷизии эшонро бартараф кард. Ӯ аввалин касе буд, ки аз аҳли зиммаро иқоматгузорӣ кард. Ва аввалин шахсе буд, ки ба фаро хондани ҷавонон ба хидмати аскарӣ амр намуд. Он ҳазрат шахсе буд, ки қозиҳо ва шахсиятҳои аз дин бохабарро ҳамроҳ бо лашкар мефиристод. Аввалин шахсе буд, ки фармонҳои навишташударо қабул намуд ва маҷлисҳо ва нишастҳои ҷудогонаро бо сарлашкарон ва волиҳо баргузор кард. Ӯ нахустин амире буд, ки шабонгоҳ худ аз аҳволи раияташ бохабар мешуд.

Category: Books & Reference , Similar

Date published: Dec 23, 2017

Current version: 1.0

Requires android: 4.1 and up

Content rating: Everyone

Free for you

More

Similar

More

Developer